Медведева ба тамринҳо шуруъ кард

Медведева ба тамринҳо шуруъ кард

Қаҳрамони ду каратаи ҷаҳон аз риштаи рақси рӯи ях - Евгения Медведева дар пойтахти Россия шаҳри Москва ба тамринҳо шуруъ кард. Дар ин бора сомонаи расмии «РИА Новости» хабар додааст.

Ҳафтае қабл мураббии Медведева гуфта буд, ки гарчанде, ки мо ба тамринҳо шуруъ кардем, аммо ҳоло аз боз кардани сарҳади Россия бо кишварҳои аврупоӣ хабаре нест. Ҳафтаи гузашта директори генералии Федератсияи рақси рӯи яхи Россия Александр Коган қайд намуда буд, ки Медведева аз Ҷопон ба Россия баргаштааст ва ба тамринҳо шуруъ намудааст.