Мексика баъди пирӯзӣ бар Панама 12-умин маротиба ғолиби Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ гардид
Шаби 17-уми июл дар варзишгоҳи «Соу-Фай»-и Инглвуди Амрико бозии финалии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ доир гардид. Дар бозии финалӣ мунтахабҳои Мексика ва Панама вохӯрданд. Пирӯзӣ насиби мунтахаби Мексика бо ҳисоби 1:0 гардид.
Голи ягонаи вохӯриро дар дақиқаи 88-ум ҳамлавар Сантяго Хименес, ки дар тими «Фейеноорд» баромад мекунад, ба самар расонид.
Аз рӯи шумораи зарбаҳо самти дарвозаи ҳариф Мексика ба пирӯзӣ наздик буд. 23 зарба муқобили 14 зарба аз ҷониби Панама. Дар тӯбнигоҳдорӣ бошад ҳисоб тахминан баробар буд: 52%-и Мексика муқобили 48%-и мунтахаби Панама.
Мунтахаби Мексика бо ҳамин маротибаи 12-ум соҳиби ҷоиза гардида, тибқи шумораи ҷоизаҳо аз ИМА, ки ҳафт ҷоизаи қаҳрамонӣ дорад, пешсафиро боз ҳам бештар намуд.
Мусобиқа ҳар ду сол гузаронида шуда, аз соли 1989 замоне, ки мунтахаби Коста-Рика қаҳрамон гардид, Ҷоми ттилоӣ танҳо дар дасти амрикоиҳо ва ё мексикоиҳо боқӣ мемонад.
Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ. Финал
17-уми июли соли 2023, душанбе. 04:30 ДШБ
Мексика 1 : 0 Панама
1:0 Хименес – 88'