Мексика бори 13-ум ғолиби Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ шуд
Бозии финалии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ баргузор шуд, ки дар он дастаҳои мунтахаби ИМА ва Мексика бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ин дидор дар варзишгоҳи “NRG Stadium” дар шаҳри Ҳюстони ИМА доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Мексика бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.
Дар ҳайати мунтахаби Мексика голҳоро ҳамлагар Раул Хименес дар дақиқаи 27-ум ва нимҳимоятгар Эдсон Алварес дар дақиқаи 78-ум ба самар расониданд.
Ягона голи дастаи ИМА-ро ҳимоятгар Крис Ричардс дар дақиқаи 4-ум зад.
Барои Мексика ин 13-умин унвони Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ мебошад. Ҳоло мунтахаби Мексика рекорддори миқдори ҷоизаҳои ғолибият дар ин мусобиқа ба шумор меравад.
Тими милли Мексика қаблан солҳои 1965, 1971, 1977, 1993, 1996, 1998, 2003, 2009, 2011, 2015, 2019 , 2023 ғолиби Ҷоми тиллоӣ шуда буд.