Мексика Ҷоми ҷаҳон 2026-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мексика Ҷоми ҷаҳон 2026-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби Мексика дар бозии ифтитоҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 бар тими миллии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, аввалин се имтиёзи мусобиқаро ба даст овард.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи машҳури «Астека»-и шаҳри Мехико баргузор гардид ва миллионҳо мухлис шоҳиди оғози Ҷоми ҷаҳонии таърихӣ бо иштироки 48 даста шуданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳамлагари мунтахаби Мексика Хулиан Кинйонес боз кард. Ин аввалин голи Чемпионати ҷаҳон-2026 ба ҳисоб меравад ва номи Кинйонесро ба таърихи мусобиқот ворид намуд.

Дар оғози қисми дуюм вазъи мунтахаби Африқои Ҷанубӣ мушкилтар шуд. Дар дақиқаи 47-ум Яя Ситхоле барои вайрон кардани қоида ҳамчун бозигари охирини дифоъ корти сурх гирифт ва дастаашро даҳнафара гузошт.

Мексикоиҳо аз бартарии шумораи бозигарон истифода бурда, дар дақиқаи 67-ум тавассути ҳамлагари ботаҷриба Раул Хименес голи дуюмро ба самар расониданд. Барои Хименеси 35-сола ин аввалин гол дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар фаъолияти футболбозиаш гардид.

Дар дақиқаи 84-ум мушкилоти Африқои Ҷанубӣ боз ҳам зиёдтар шуд, зеро Темба Звейн низ корти сурх гирифта, майдонро тарк кард. Ҳамин тавр, дастаи африқоӣ қисми охири бозиро бо нуҳ нафар анҷом дод.

Дар дақиқаҳои иловагӣ довар капитани мунтахаби Мексика Сесар Монтесро низ аз майдон хориҷ кард. Бо вуҷуди ин, мизбонон тавонистанд бартарии худро нигоҳ дошта, пирӯзии арзишмандро ба даст оранд.

Бо ин натиҷа Мексика пешсафи муваққатии гурӯҳи «А» гардид. Дар даври навбатӣ мунтахаби Мексика рӯзи 19 июн бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад, дар ҳоле ки Африқои Ҷанубӣ рӯзи 18 июн бо Чехия рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад ва бори аввал дар таърих 48 тими миллӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.