Менеҷери Раҳмонов оиди рақобати эҳтимолии Шавкат ва Эдвардс ибрози назар кард

Саят Абдураҳмонов, менеҷери рамзкори муҳорибаҳои омехта аз Қазоқистон Шавкат Раҳмонов маълумот оиди онеро рад кард, ки мизоҷаш аз муҳориба бо қаҳрамони UFC дар вазин миёнаи сабук- Леон Эдвардси британӣ дар сабқати UFC 300 даст кашидааст. Сабқати мазкур дар Лас-Вегаси ИМА рӯзи 14-уми апрел доир мешавад.
«Мо намедонам, ки айнан киро ба Леон Эдвардс ба ҳайси ҳариф пешниҳод кардаанд. Танҳо метавонам бигӯям, ки мо аз чунин пешниҳод даст накашидаем, зеро он ба таври принсипиалӣ ба мо наомадааст. Аз ин рӯ набояд тасдиқ намуд, ки Шавкат аз чунин муҳориба даст кашидааст, зеро пешниҳоди расмӣ набудааст. Айни ҳол Шавкат барқароршавӣ аз ҷароҳатро идома медиҳад. То ҳол мо санаи дақиқи бозгашти ӯро ба октагон намедонем», – иқтибос меорад суханони менеҷерро Vesti.kz.
Пештар хабаре баромад, ки Шавкат Раҳмонов шомили гурӯҳи размкороне гардид, аз муҳориба бо Леон Эдвардс дар сабқати UFC 300 даст кашидаанд.
Муаллиф: Имомбек Шанбиев