Ду шоҳҷоиза интизори қаҳрамонҳои гӯштини Ховалинг

Ду шоҳҷоиза интизори қаҳрамонҳои гӯштини Ховалинг

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва соҳибкорони ноҳияи Ховалинг, рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад.

Дар ин маъракаи суннатӣ ширкати паҳлавонони саршиноси кишвар: Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Шамшод Абдуллоев, Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Фарёд Шайхов ва дигарон дар назар аст. Паҳлавонони шуҳратёри кишвар барои ду шоҳҷоиза, мукофоти олӣ, автомошинаҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel» мубориза хоҳанд бурд.

Марҳабо ба тамошои ҳунари паҳлавонони диёр дар тантанаҳои Иди Наврӯзии ноҳияи Ховалинг!