Мэри Мораа аз Кения аввалин тиллоашро дар Қаҳрамонии ҷаҳон ба даст овард

Мэри Мораа  аз Кения аввалин тиллоашро дар Қаҳрамонии ҷаҳон ба даст овард

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабуки соли 2023 дар шаҳри Будапешти Маҷористон пойгаи ниҳоии занон ба масофаи 800 метр ба анҷом расид. Мэри Морааи 23-сола аз Кения бо натиҷаи 1:56.03 ғолиб дониста шуд. Ин аввалин пирӯзии варзишгар дар чемпионати ҷаҳон аст.

Ҷойи дуюмро барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Токио, бритониёӣ Кили Ҳоҷкинсон ва сеюмро Атинг Муи амрикоӣ (қаҳрамони дукаратаи Олимпиадаи соли 2020) гирифтанд.

Варзиши сабук. Чемпионати Ҷаҳон – 2023, Будапешт. 800 м. Финал. Занон

1. Мэри Мораа (Кения) — 1.56,03.

2. Кили Хоҷкинсон (Британияи Кабир) — 1.56,34.

3. Атинг Му (ИМА) — 1.56,61.

Ёдовар мешавем, ки Мораа соли 2022 дар давидан ба масофаи 800 метр медали тиллои Лигаи Алмазро ба даст овард ва инчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2022, ки дар ИМА баргузор шуд, дар ҳамин масофа медали биринҷӣ ба даст оварда буд.