Месси 200-умин бозии худро дар ҳайати мунтахаби Аргентина анҷом дод

Месси 200-умин бозии худро дар ҳайати мунтахаби Аргентина анҷом дод

Ҳамлагар ва капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси боз як дастоварди таърихиро дар фаъолияти худ сабт кард. Футболбози 38-сола дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 муқобили мунтахаби Алҷазоир ба ҳайати асосӣ ворид шуда, 200-умин бозии худро дар ҳайати тими миллии Аргентина анҷом дод.

Месси дар тӯли ин 200 бозӣ натиҷаҳои назаррас нишон дода, 120  гол ба самар расонида ва 61 партофти головар анҷом додааст. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун раҳбари асосии мунтахаби Аргентина баромад намуда, дар ба даст овардани муҳимтарин дастовардҳои даста нақши калидӣ бозидааст.

Бо тими миллии кишвараш Лионел Месси соли 2022 қаҳрамони ҷаҳон гардид. Инчунин, ӯ соли 2014 ба гирифтани медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон ноил шуда, ду маротиба — солҳои 2021 ва 2024 — соҳиби Ҷоми Амрико шудааст.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвари Амрикои Шимолӣ — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина ҳамчун қаҳрамони феълии ҷаҳон дар ин мусобиқа иштирок дорад. Аргентиниҳо дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар мунтахаби Фаронсаро пас аз мусовии 3:3 дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуда буданд.

Лионел Месси бо анҷоми 200 бозӣ дар ҳайати мунтахаби Аргентина бори дигар номи худро дар саҳифаҳои таърихи футболи ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.