Месси аз "Барселона" кӯч бастанист

Месси аз "Барселона" кӯч бастанист

Лео Месси, сарвони бошгоҳи футболи "Барселона" иброз доштааст, ки баъд аз анҷоми ин мавсим бошгоҳи "каталониҳо"-ро тарк хоҳад гуфт. Дар ин бора сомонаи расмии Goal.com иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин аргентинӣ аз бозиҳои охире, ки "Барселона" анҷом дод, норозӣ аст. Бинобар ин, мехоҳад корномаи варзишиашро дар дигар бошгоҳ идома бидиҳад. Ҳамчунин, Goal.com иттилоъ медиҳад, ки аввалин дастае, ки барои харидории Лео тасмим гирифтааст, ин бошгоҳи "Манчестер Сити" мебошад.