Месси ба дастаи “Интер Майами” гузариш мекунад

Месси ба дастаи “Интер Майами” гузариш мекунад

Ҳуҷумкунандаи “ПСЖ” Лионел Месси тобистони соли 2023 ба дастаи МЛС  “Интер Майами”  гузариш анҷом медиҳад. Дар ин бора Diaro AS иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, футболбози 34-сола , 35 дарсади саҳмияҳои бошгоҳро мехарад ва тобистони соли 2023 ба ин даста гузариш  мекунад.   

Месси дар аввал ҳамчуни бозингари дастаи футбол , ки ба Бекхэм рабт дорад, ҳамроҳ мешавад.

Месси тобистони соли 2021 ба ҳайати “ПСЖ” гузариш карда буд. Дар мавсими соли ҷорӣ футболбози аргентинӣ дар 33 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо  вориди майдон шуда, 11 гол ва 13 ирсоли головар анҷом додааст. Ҳамчунин бо бошгоҳи шаҳри Париж қаҳрамони Фаронса дар мавсими равон шудааст. Аз ин пеш футболбоз тамоми корномаи варзишиашро дар ҳайати бошгоҳи  “Барселона” сипари карда буд.