Месси ба радиои Urbana Play гуфт, ки дар ҶҶ кадом бозӣ барои онҳо мушкил буд

Месси ба  радиои Urbana Play гуфт, ки дар ҶҶ кадом бозӣ барои онҳо мушкил буд

Сарвони тими мунтахаби Аргентина – Лионел Месси бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон 2022 дар Қатарро муқобили мунтахаби Мексика (2:0) мушкилтарин бозии мусобиқа номид.

«Барои мо, аз ҳама душвортарин бозӣ бо Мексика буд. Зеро  дар он бозӣ  ҳама чиз дар хатар буд. Албатта,  ин бозӣ буд ва мо тавонистем, ки  ғалаба ҳам кунем.  Новобаста аз он ки мо бояд ғалаба кунем ва ин моро водор мекунад, ки ба таври дигар бозӣ кунем ” - гуфт Месси дар радиои Urbana Play.

Бозӣ бо Мексика барои Аргентина дуюмин дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии футбол ва аввалин пас аз шикасти Арабистони Саудӣ (1:2) буд. Аз бисёр ҷиҳат баромади тими миллии Аргентина ба  даври плей-оффи мусобиқа ба натиҷаи ин бозӣ вобаста буд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби  Месси дар финал бар Фаронса (3-3, 4-2 пен.) ғолиб омада, қаҳрамони ҷаҳон шуд.