Месси ба тамоми мухлисони футбол ҷавоби амиқ дод

Месси ба тамоми мухлисони футбол ҷавоби амиқ дод

Ҳамлагари 33-солаи дастаи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси, дар бораи то чӣ андоза муҳим буданаш дар тими миллӣ сухан гуфт.

«Тими миллӣ ҳеҷ гоҳ аз ман вобаста набуд ва нахоҳад буд. Мо ҳамеша мекӯшем, ки як дастаи пурқудрати муттаҳид созем. Агар мо як дастаи воқеан қавӣ набошем, ба даст овардани ғалабаҳо ва расидан ба ҳадафҳои худ мушкил хоҳад буд.

Фикр мекунам, ки ҳоло мо маҳз ҳамчун як даста қавӣ ҳастем. Аксарияти футболбозон муддати тӯлонӣ бо ҳам тамрин кардаанд. Мо аллакай дар Ҷоми Амрико бозӣ кардаем, аз ин рӯ таҷрибаи бозӣ дар ин мусобиқаро дорем. Мо ҳоло ҳам тамрин мекунем ва фикр мекунам, ки мо дар роҳи дуруст ҳастем. Ҳар он чизе, ки дар тими миллии Аргентина рух медиҳад, барои ман ҳамеша махсус аст, хоҳ бозии дӯстона хоҳ бозиҳои интихобӣ, Ҷоми Амрико, Ҷоми Ҷаҳон ... Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ин қадар бозӣ мекунам. Ҳатто дар ин бора фикр ҳам накардам. Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки бо тамоми неруям дар тими милллиам бозӣ кунам. Аргентина пораи қалби ман аст. То ҷон дар бадан дорам барои кишварам ҳаракам мекунам», иқтибос овардааст сомонаи Goal суханони Леоро.

Ёдовар мешавем, ки Аргентина дар Ҷоми Амрико - 2021 бо тими миллии Чили бозиашро шуруъ мекунад. Вохӯрӣ рӯзи 15 июн, соати 02:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.