Месси бори 8-ум ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард
Шаби 30-юми октябр маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузашта, аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии France Football баргузор шуд. Бар асоси натоиҷи овоздиҳӣ, ҳамлагари тими “Интер Майами” ва мунтахаби Аргентина - Лионел Месси барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардид.
Дар мавсими гузашта, футболбози аргентинӣ дар Лигаи 1-и Фаронса дар ҳайати ПСЖ 32 бозӣ анҷом дода, 16 гол ва 16 партофти головар кардааст. Месси инчунин дар 7 бозии Лигаи Чемпионҳо 4 гол ва 4 партофти головар дар ҳисоб дорад.
Илова бар ин, Лионел Месси дар ҳайати тими миллии Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуд, ғолиб омад. Футболбоз дар тамоми 7 бозии Ҷоми ҷаҳон иштирок карда, дар он 7 гол зада, дар финал дубл кард ва ирсоли головар анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки ин ҷоизаи 8-уми “Тӯби тиллоӣ” барои Месси маҳсуб мешавад. Қаблан футболбоз солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 барандаи ҷоизаи пурнуфузи “Тӯби тиллоӣ” шуда буд.
