Месси боз аз Роналду пеш гузашт

Ба иттилои Opta, ҳамлагари ПСЖ - Лионел Месси аз рӯи шумораи бештари голҳо дар 5 лигаи беҳтарини Аврупо аз ҳамлагари «Ал-Наср» Криштиану Роналду пеш гузашт.
Дар бозӣ бо “Монпелйе” (1:3) Месси голи 697 –умашро дар ҳайати бошгоҳҳои 5 чемпионати беҳтарин ба самар расонид. Дар ҳисоби Роналду бошад, 696 гол ҳаст.
Месси инчунин дар ҳайати Топ 5 лигаи бартари Аврупо 297 ассист дорад. Роналду бошад, 197 ассист дорад. Роналду дар 919 бозӣ ва Месси дар 835 бозӣ ин нишондодро сабт кардаанд.