Месси дар "Барселона" Гризманнро дидан намехоҳад

Месси дар "Барселона" Гризманнро дидан намехоҳад

То ҳол муносибати сарвони дастаи "Барселона" ва ҳамлавари ин тим Антуан Гризманн хуб нест. Коршиносон низ нокомиҳои пайвастаи "нилунориҳо"-ро дар ин муносибат мебинанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои каталонӣ имрӯз дар рафти тамрин Месси бо Гризманн ҳарфе назадааст. Аз ин бар меояд, ки Месси Гризманнро дар "Барселона" дидан намехоҳад. Худи Антуан низ дар мусоҳиба гуфтааст, ки муносибати ӯ ва Лео хуб нест. Месси танҳо хоҳиши баргардонидани Неймарро дорад ва мехоҳад, ки роҳбарияти даста дар равзанаи хариду фурӯши футболбозони замистона ӯро харидорӣ кунанд.