Месси дар бораи давраи бебарори фаъолияти худ дар “ПСЖ” изҳори назар кард
Ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина ва дастаи «Интер Майами» Лионел Месси дар бораи фаъолияти худ бо «ПСЖ»-и Фаронса сухан кард.
"Ман зидди “ПСЖ” ва мухлисони онҳо ҳеҷ чиз надорам, аммо мутаассифона, он тавре, ки ман интизор будам, нашуд. Шахсан, ман душворӣ мекашидам, баъзан бо дараҷаҳои гуногуни муваффақият мубориза мебурдам. Баъзан барои оилаи мо хеле душвор буд. Аммо, аз тарафи дигар, Париж беҳтарин чизест, ки бо ман рӯй дод, зеро дар он солҳо ман қаҳрамони ҷаҳон шудам.
Ба ҷуз футбол чӣ мушкилот вуҷуд дорад? Дар Париж ҳамсояҳо занги дарро зада, аз мо хоҳиш карданд, ки садо надиҳем; ҳамсояҳо сахтгир буданд. Ин ҳамагӣ соатҳои 21 ё 22 буд”, иқтибос овардааст ESPN AR аз суханони Месси.
Дар маҷмӯъ, Месси дар тӯли ду мавсим дар ҳайати “ПСЖ” дар 75 бозӣ ширкат карда, дар онҳо 32 гол ва 35 ассист кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Месси аз соли 2023 дар тими “Интер Майами” бозӣ мекунад. Аргентинӣ бо бошгоҳи шаҳри Майами то соли 2025 шартнома ба тасвиб расонидааст. Қаблан, ҳамлагари аргентинӣ ба ҷуз аз бозӣ дар “ПСЖ”, дар ҳайати каталонии "Барселона" низ бозӣ кардааст ва бо он чаҳор бор дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб омадааст.