Месси дуюмин футболбоз дар таърих шуд, ки дар 6 мусобиқаи Ҷоми Амрико гол задааст
Мунтахаби Аргентина дар даври нимниҳоии Ҷоми Амрико-2024 тими Канадаро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод. Дар ин бозӣ ҳамлагар Лионел Месси голи аввалини худро дар мусобиқаи мазкур ба самар расонид.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Алексис Бласкес, Месси дуюмин бозигар дар таърих шуд, ки дар 6 Ҷоми Амрико (2007, 2015, 2016, 2019, 2021 ва 2024) гол задааст. Пештар ба ин танҳо Зизинйои бразилӣ муваффақ шуда буд (1942, 1945, 1946, 1949, 1953 ва 1957).
Гол дар марҳилаи ниманиҳоӣ ба Месси даст дод, ки дар ҳайати тими Аргентина дар даҳ мусобиқаи байналмилалӣ гол занад. Месси дар Ҷоми Ҷаҳон – 2006 (1 гол), Ҷоми Амрико - 2007 (2 гол), Ҷоми Ҷаҳон – 2014 (4 гол) , Ҷоми Амрико – 2015 (1 гол), Ҷоми Амрико – 2016 (5 гол) , Ҷоми Ҷаҳон – 2018 (1 гол), Ҷоми Амрико – 2019 (1 гол) , Ҷоми Амрико – 2021 (4 гол), Ҷоми Ҷаҳон - 2022 97 гол) ва Ҷоми Амрико-2024 (1 гол) ба самар расонад.
Ёдовар мешавем, ки дар финал Аргентина бо ғолиби ҷуфти Уругвай ва Колумбия бозӣ мекунад. Аргентина қаҳрамонии феълии Ҷоми Амрико маҳсуб мешавад. Соли 2021 дар финал Аргентина бар Бразилия бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда буд.