Месси: “Ин охирин Ҷоми Амрико дар корномаи ман аст”

Ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси гуфт, ки Ҷоми Амрико дар соли 2024 охирин мусобиқаи қоравӣ дар корномааш хоҳад буд.
“Ҳақиқат ин аст, ки барои мо Ҷоми Амрико душвор буд, зеро дастаҳо аз ҳарвақтадида баробар бозӣ мекунанд. Барои ман ин охирин Ҷоми Амрико аст, ки мо дар финал бозӣ хоҳем кард. Ди Мария ва Отаменди бо иштироки Ҷоми Ҷаҳонии футбол ва ҳоло мо бозиҳои охиринро якҷоя мегузаронем ва аз он то ҳадди имкон баҳра бурда истодаем”, иқтибос меорад Mundo Deportivo аз суханони Месси.
Дастаи мунтахаби Аргентина бо ҳамроҳии Лионел Месси дар финали Ҷоми Амрико-2024 бо тими миллии Колумбия бозӣ мекунад. Бозии ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 –уми июл дар назар аст. Бозӣ соати 5:00 ба вақти Душанбе cap мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Аргентина барандаи феълии Ҷоми Амрико мебошад. Даста дар мусобиқае, ки соли 2021 дар Бразилия баргузор шуда буд, ғолиб омад. Дар финал Аргентина ба шарофати голи вингер Анхел Ди Мария бар Бразилия бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуда буд.