Месси кай ба нишондоди 1000 гол ноил мешавад...?
Ҳамлагари португалии дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналду ба марраи таърихии 1000 гол дар фаъолияти касбии худ торафт наздик мешавад. Ҳоло футболбози 41-сола дар ҳайати клубҳо ва тими миллӣ 965 гол ба самар расондааст.
Тибқи ҳисобҳо, ки тобистони соли 2025 анҷом дода шуда буданд, Роналду метавонад то охири соли ҷорӣ голи 1000-уми худро ба ҳадаф расонад. Ҳоло бошад, ҳамлагар пас аз ҷароҳат давраи барқароршавиро мегузаронад. Ба ҳамин хотир ӯ муваққатан аз Арабистони Саудӣ хориҷ шуда, барои табобат ба шаҳри Мадриди Испания сафар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ситораи аргентинӣ Лионел Месси низ ба нишондиҳандаи бузурги дигар — 900 гол хеле наздик шудааст. Рӯзи 7-уми март ҳамлагари дастаи “Интер Майами” дар бозӣ муқобили “Ди Си Юнайтед” гол зада, шумораи голҳои худро дар фаъолияти касбӣ ба 899 расонд. Дар он эпизод Месси бо зарбаи зебо тӯбро аз болои дарвозабон гузаронд.
Сармураббии “Интер Майами” Хавйер Маскерано, ки қаблан ҳамдастаи Месси дар “Барселона” буд, бузургии бозии ӯро таъкид кард. Ба гуфтаи мутахассис, тамошои бозиҳои Месси аз наздик як имтиёзи махсус аст.
“Ман худро шоҳиди хушбахт мешуморам. Шояд ба голҳои ӯ на ҳамчун бозигар ва на ҳамчун мураббӣ саҳми зиёд нагузошта бошам, аммо имкони дидани қисми зиёди ин голҳоро аз наздик доштам ва ин воқеан имтиёз аст. Мо дар бораи рақами ҳайратангез сухан мегӯем ва маҳз ҳамин аст, ки Леоро бозигари беназир месозад”, — гуфтааст Маскерано мусоҳиба бо нашрияи бонуфузи ESPN.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар Месси бо самаранокии ҳозираи худ —тақрибан 30-35 гол дар як мавсим идома диҳад, эҳтимол дорад голи 1000-уми худро дар соли 2028 ба самар расонад. Дар он вақт ӯ 41-сола хоҳад шуд, яъне тақрибан дар ҳамон синну соле, ки Роналду метавонад ба ин марра бирасад.
Дар сенарияи беҳтарин Месси метавонад ҳатто то охири соли оянда ба ин нишондиҳанда наздик шавад, агар дар ду мавсими наздик тақрибан 50-голӣ ба самар расонад. Аммо дар ҳолати дигар, бо сабаби ҷароҳатҳо ё коҳиши формаи варзишӣ, расидан ба ин марра метавонад то соли 2029 ба таъхир афтад.
Қобили зикр аст, ки шартномаи Лионел Месси бо бошгоҳи “Интер Майами” то охири соли 2028 амал мекунад. Аз ин рӯ эҳтимол дорад, ки ӯ голи 1000-уми худро маҳз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба самар расонад.