Месси пас аз ҷароҳат ба тамринҳои “Интер Майами” баргашт!

Месси  пас аз ҷароҳат ба тамринҳои  “Интер Майами” баргашт!

Ҳамлагари аргентинии бошгоҳи “Интер Майами” - Лионел Месси пас аз ҷароҳати пойҳояш ба майдон баргашт. Футболбози 36-сола рӯзи сешанбе бо ҳайати даста дастаҷамъона дар тамринҳо иштирок кард. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст.

Месси дар се бозии охирини “Интер Майами” ва ду бозии тими миллии Аргентина бо сабаби осеб иштирок накарда буд.

Ҳамакнун, Лео метавонад дар бозии марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои КОНКАКАФ муқобили дастаи “Монтеррей”-и Мексика, ки шаби 4 –уми апрел баргузор мешавад, ба майдон баргардад.