Месси шомили 10 футболбози беҳтарини “ПСЖ” дар асри 21 нашудааст
Ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе бар асоси гузориши Goal.com беҳтарин бозигари “ПСЖ” дар асри 21 эътироф шуд. Дар ҷои дуюм ҳамлагари шведӣ Златан Иброҳимович аст. Дар ҷои сеюм бошад, Неймари бразилӣ қарор дорад.
Топ 10 беҳтарин бозигари ПСЖ аз рӯи фарзияи Goal.com:
1.Килиан Мбаппе (Фаронса)
2.Златан Иброҳимович (Шветсия)
3.Неймар (Бразилия)
4.Эдинсон Кавани (Уругвай)
5.Тиаго Силва (Бразилия)
6.Маркинйос (Бразилия)
7.Педро Паулета (Португалия)
8.Марко Верратти (Италия)
9.Анхел Ди Мария (Аргентина)
10.Блез Матюиди (Фаронса
...23. Лео Месси (Аргентина)
Ҳамлагари маъруфи аргентинӣ Лионел Месси, ки аз соли 2021 то 2023 дар дастаи фаронсавӣ бозӣ кардааст, дар мақоми 23-юм қарор гирифт.