Месси тезтарин голро дар корномаи варзишиаш ба самар расонид

Месси тезтарин голро дар корномаи варзишиаш ба самар расонид

Дирӯз, дар шаҳри Пекин мунтахабҳои Аргентина ва Австралия бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрии мунтахабҳо бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт.

Ҳамлагари  35-солаи мунтахаби Аргентина – Лионел Месси  дар сонияи 79-ум гол зад. Пеш аз он, Лионел Месси аз ҳама зудтарин голро ба дарвозаи «Челси»  дар ҳайати “Барселона” дар 127 сония зада буд.

Ин голи ба самар расонидаи Месси зудтарин гол дар корномаи варзишиаш маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Аргентина рӯзи 19-уми июн дар Ҷакарта бо мунтахаби Индонезия вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад.