Месси: "Умедворам, ки "Барселона" боз мисли пешина ҳама ҷоизаҳоро соҳиб мешавад”
Собиқ ҳамлагари дастаи “Барселона” Лионел Месси, ки ҳоло дар “Интер Майами” бозӣ мекунад, изҳори умедворӣ кард, ки каталониҳо боз соҳиби ҷоизаҳои зиёде мешаванд.
"Умедворам, ки “Барселона” боз соҳиби ҷоизаҳои зиёде мешавад. “Барселона” ин дастаи ҷаҳонӣ аст ва барои ҳама ҷоизаҳо мубориза мебарад . Ҳамчун як бозигари Барса шумо ҳеҷ гоҳ бо ҷои дуюм ё набудани ғалаба қаноат карда наметавонед, зеро мухлисон ва ҷонибдорон аз шумо ҳадди аксарро талаб мекунанд. “Барселона” беҳтарин дастаи ҷаҳон аст, ки ин худ масъулияти бузург мебошад.
Ман мехоҳам, ки Барса бори дигар Ла Лига, Ҷоми Испания ва Лигаи Чемпионҳоро ба даст орад. Барои ноил шудан ба муваффақиятҳо то охирин лаҳза бояд мубориза бурд ” - Mundo Deportivo аз суханони Месси иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки корномаи футболбозии Мессии 37-сола дар тими “Барселона” оғоз шудааст. Ҳамлагари аргентинӣ бо “Барселона” 10 маротиба қаҳрамони Испания, 8 маротиба Суперҷоми Испания, чаҳор Ҷоми Лигаи Чемпионҳо ва се Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст. Месси беҳтарин нишонзан дар таърихи чемпионати Испания, “Барселона”, “Интер Майами” ва тими миллии Аргентина мебошад.