Месси ва Роналду дар ҳайати мунтахаби рамзии соли 2021
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии ҷаҳонии соли 2021-ро тартиб дод. Дар ин бора сомонаи ин созмон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, беҳтарин дарвозабон Ҷонлуиҷи Доннарумма аз бошгоҳи “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса дониста шуд. Ба чоргонаи ҳимоятгарон Алфонсо Дэвис («Бавария»-и Олмон), Рубен Диас («Манчестер Сити»-и Англия), Леонардо Бонуччи («Ювентус»-и Италия) ва Ашраф Ҳакимӣ (ПСЖ) шомиланд. Сегонаи беҳтарин нимҳимоятгаронро Лионел Месси (ПСЖ), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити») ва Жоржинйо («Челси»-и Англия) ташкил медиҳанд.
Миёни беҳтарин ҳамлагарон Роберт Левандовски («Бавария»), Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»-и Англия) ва Килиан Мбаппе (ПСЖ) ҳастанд. Зимнан, 29-уми ноябри имсол футболбози 34-солаи аргентинӣ Лионел Месси бори ҳафтум барандаи «Тӯби тиллоӣ» шуд. Дар мубориза барои дарёфти ин ҷоиза, ӯ аз Левандовскии лаҳистонӣ, ки беҳтарин ҳамлагари сол эътироф шуда буд, пеш гузашт.