Мессии нав бо “Барселона” музокиротро оғоз кард
Дастаи "Барселона" музокирот барои хариди нимҳимоятгари дастаи «Ривер Плейт» - Клаудио Эчеверриро оғоз кард. Дар ин бора рӯзноманигорон Марсело Паласиоси аргентинӣ ва Гарсиа Гроуви олмонӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи каталони омодааст, ки барои футболбози 17-сола бештар аз банди талаби он, ки дар шартномаи ҷории бозигар зикр шудааст, маблағ пардохт кунанд. Аммо каталониҳо намехоҳанд, ки маблағи пурраро якбора пардохт кунанд, балки онро қисм – қисм пардохт намоянд.
Қайд карда мешавад, ки агентҳои футболбоз мехоҳанд дар бораи интиқоли ояндаи ӯ розӣ шаванд, аммо ба ақидаи онҳо, бозигар бояд мавсими имсоларо дар ватанаш анҷом диҳад ва пас аз анҷоми он фавран ба Аврупо биравад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои Клаудио дастаҳои «Милан» ва «Интер»-и Италия, инчунин «Реал Мадрид», «Манчестер Сити» ва “ПСЖ” талош доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар 22 бозӣ дар тими мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Аргентина Клаудио 12 гол зада, 5 партофти головар кардааст. Илова мекунем, ки Эчеверрии 17-сола дар ҳайати дастаи “Ривер Плейт” ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дода, дар он як ирсоли головар кардааст.