Мессиро аз рӯйхати беҳтаринҳо хат заданд

Мессиро аз рӯйхати беҳтаринҳо хат заданд

Маҷаллаи  Planet Football ҳайати беҳтарин дриблингбозони мавсими 2019/20-ро мунташир намудааст. Дар зинаи аввали ин рӯйхат футболбози «Вулверхэмптон» - Адам Траоре бо соҳиб шудани 6,3 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Дар зинаи дуюм, Неймар   ва дар ҷои сеюм Аллан Сен-Максимин қарор доранд. Дар байни сегонаи беҳтаринҳо Лео Месси шомил нашудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Месси дар чанд соли охир зинаи аввали ин рӯйхатро ба касе намедод. Акнун ки ҳоло ӯ солаш ба ҷое расидаасту дигар қудрати фиреб додани рақибро надорад, наслҳои навини футбол ин корро иҷро мекунанд.

Топ-10 беҳтарин дриблингбози мавсими-2019/20: 

1. Адама Траоре, «Вулверхэмптон» — 6,3

2. Неймар, «ПСЖ» — 6,1

3. Аллан Сен-Максимин, «Нюкасл» — 5,8

4. Лионел Месси, «Барселона» — 5,7

5. Жереми Бога, «Сассуоло» — 4,7

6. Уилфрид Заа, «Кристал Пэлас», — 4,5

7. Муссо Ҷенепо, «Саутгемптон» — 4,3

8. Юсуф Атал, «Нитса» — 4,2

9. Мунир Шуяр, «Дижон», — 4,2

10. Эден Азар, «Реал» — 4,1