Мейсон Маунт ба “МЮ” гузариш мекунад

Мейсон Маунт ба “МЮ” гузариш мекунад

Ниммуҳофизатгари дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон  - Мейсон Маунт ба дастаи "Манчестер Юнайтед" гузариш мекунад. Дар ин бора The Telegraph хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  “девҳои сурх” бо  футболбоз дар бораи шартҳои шартномаи инфиродӣ  ба мувофиқа расидаанд.

Ҳанӯз маблағи интиқол аз «Челси» мувофиқа нашудааст, аммо сармураббии «Манчестер Юнайтед» - Эрик тен Ҳаг ба имзои ин бозигар итминон дорад.

Аҳамият диҳед, ки шартномаи Маунт пас аз як сол ба охир мерасад ва Челси мехоҳад маблағи ҳадди аксарро барои бозигар ба даст орад. Ҳамчунин, дастаҳои “Ливерпул” ва “Арсенал” ҳам, барои ин бозигар талош варзида истодаанд.

Маунт дар ин мавсим дар 35 бозӣ аз ҳайати “Челси” ба майдон баромада, 3 гол ва 6 ассист анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Маунт мехост, ки маошашро аз “Челси” се баробар зиёд кунад, аммо ин хоҳиши ӯро иҷро накарданд.