Мейвезер дар бораи мубориза бо Макгрегор: "Интизорам, ки ҳадди аққал 100 млн доллар кор кунам"

Мейвезер дар бораи мубориза бо Макгрегор: "Интизорам, ки ҳадди аққал 100 млн доллар кор кунам"

Қаҳрамони собиқи ҷаҳон - Флойд Мейвезер  (50-0, 27 КО) дар мусоҳиба бо TMZ гуфт, ки барои  рақобат бо собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор  мароқ зоҳир кардааст.

“ Ҳоло ман дигар ба ринг намебароям. Ман беш  аз 20 сол як корномаи олӣ доштам ва бо беҳтарин муборизоне, ки ман метавонистам мубориза бурдам.  Ман нишондодҳои гуногун сабт кардаам. Ҳоло ман танҳо "намоишгоҳҳо" мекунам. Ин ҳоло ҳам хеле фоидаовар аст. Ман аз ин корам  лаззат мебарам.

Умедворам ҳастам бо Конор Макгрегор  соли 2023 дар муборизаи воқеӣ бо ҳам рӯбарӯ мешавем. Агар нарх дуруст бошад. Дар ин бора аллакай ба ман гуфтанд, ки он маблағ аз нуҳ рақам иборат аст. Ман мегӯям ,ки  мо бояд ҳадди аққал 100 миллион долларро барои мубориза бо  Флойд Мейвезер оғоз кунем. Фалсафаи ман ин аст, ки ҳеҷ гоҳ қабул карданро бас накунам.”

Қаблан мо хабар дода будем, ки рақобати ҷавобӣ миёни ин ду чеҳра кай баргузор мешавад.