Мэйвезер рақиби нави худро муаррифӣ кард

Мэйвезер рақиби нави худро муаррифӣ кард

Қаҳрамони собиқи ҷаҳон Флойд Мейвезер барои муборизаи намоишӣ, ки 25 феврал дар Лондон баргузор мешавад, рақиби нав пайдо кард.

Мейвезер дар саҳифаи Instagram гуфт, ки ӯ бо собиқ муборизи MMA ва ситораи телевизион  Аарон "Ҷокер" Чалмерс рӯбарӯ хоҳад шуд.

"Чеҳраи дигар, номи дигар, аммо натиҷа як аст. Мо ҳоло  дар Лондон рӯзи 25 феврал дар “O2 Arena” ба ҳам меоем.  Дар зудтарин фурсат чиптаҳо ҳам  ба фурӯш мебароянд."

Аҳамият диҳед, ки Чалмерси 35-сола дар ИМА  дар якчанд реалити-шоуҳо ширкат карда буд, ки ниҳоят ӯро машҳур гардонид.

Дар MMA, Чалмерс дар  Bellator мубориза мебурд. Ҳангоми ба нафақа баромаданаш дар соли 2021 рекорди ӯ 5 ғалаба ва 2 бохт буд.

Ёдовар мешавем, ки Мейвезер аслан мебоист бо кикбоксчӣ Лиам Ҳаррисон қувваозмоӣ мекард, вале ӯ ба далели захмӣ аз мубориза даст кашид.