Миҷгона дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон

Миҷгона дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон

14-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Ниши Сербия идома дорад.

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг баромад карда, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ намояндаи Кения Чеге Паолин Вандияро бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст дода, ба мариҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври аввал Миҷгона бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 Палома Диана Перес аз Мексикаро шикаст дода буд.

Муштзанони дигари кишвари мо Шоҳида Қаландарова (60 кг) дар даври ҳаштякниҳоӣ аз аз намояндаи Туркия Озер Гизем бо ҳисоби 5 бар 0 бо қарори якдилонаи доварон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Нилуфар Бобоёрова (63 кг) дар даври аввал аз намояндаи Литва Сорокина Йекатерина бо ҳисоби 5:0 мувоҷеҳи шикаст шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки аз 8-ум то 16-уми март дар шаҳри Ниши Сербия миёни беҳтарин муштзанон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 12 вазн баргузор мегардад. Дар мусобиқа 239 муштзан аз 51 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ҷоизадорони мусобиқаи мазкурро маблағҳои ҳангуфти пулӣ интизор аст. Барандагони медалҳои тилло 100 ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор доллар мегиранд.

Бори аввал дар таърихи ин мусобиқа ҳамаи варзишгароне, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд. Ба ҳар кадоми онҳо 10 ҳазор доллар дода мешавад.

ТВ "Варзиш"