Миҷгона Самадова дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳон

Миҷгона Самадова дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳон

Рӯзи дуюми рақобатҳо дар доираи  Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои нафтӣ ба анҷом расид. Дар ин рӯз бонувон дар 3 категория  ва мардон дар шаш вазн миёни ҳам  неру санҷиданд. Дар натиҷа варзишгарбонуи кишвар Миҷгона Самадова тавонист ба марҳилаи ниманиҳоии мусобиқот барояд.

Варзишгарбонуи тоҷик Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар варзишгари Муғулистон  Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника нерӯ санҷид. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона аз ҳарифаш пурқувват баромад. То анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.  Миҷгона дар даври  ниманиҳоӣ бо  намояндаи Русия нерӯ месанҷад. Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқот Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров  ба ринг бармада, шикаст хӯрданд.