Миҷгона Самадова: “Орзу доштам, ки дар Олимпиада иштирок намоям”

Миҷгона Самадова: “Орзу доштам, ки дар Олимпиада иштирок намоям”

Миҷгона Самадова давоми беш аз 17 сол мешавад, ки дар олами варзиш аст. Ба дунёи варзиш ӯро бародараш овардааст. Аввалан ӯ аз намуди муҳорибаи тан ба тан, кикбоксинг тамрин мекард, баъдан ба таэквондо рағбат пайдо кард.

Ӯ дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷи муҳорибаи тан ба тан 7 сол баромад карда, чор маротиба қаҳрамони ҷаҳон, ду маротиба қаҳрамони Осиё ва чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин Миҷгона аввалин бонуест, ки ба кишвар аз намуди варзиши кикбоксинг нишони тилло овардааст. Чун таэквондо ва кикбоксинг ба намуди бозиҳои олимпӣ дохил намешаванд, Миҷгона ба бокс рӯ овард, то дар мусобиқоти олимпии байналмиллалӣ ширкат кунад. Дар ин самт мураббии ӯ Мирзо Шамсиев мебошад.

Миҷгона дар намуди бокс ҳам ба муваффақиятҳои бештар ноил шуд. Ӯ барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё -2021, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022, барандаи нишони нуқраи мусобиқаи байналмилаии “Странҷа -2024”, барандаи дукаратаи нишони тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Русия солҳои 2021, 2022 шудааст. Миҷгона қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба бокс буда, соли 2023 беҳтарин варзишгарбону дар Тоҷикистон  эътироф гаридаааст.

Миҷгона зиёд мехост дар бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат кунад, аммо соҳиби роҳхат нашуд. Ҳама кӯшишу талошҳои ӯ барои иштирок дар Олимпиада буд ва билохира ба орзуи деринааш расид ва роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024 гардид. 

Роҳ ба Бозиҳои Олимпии Париж -2024

Миҷгона Самадова аз риштаи бокс аз аввалин варзишгарони тоҷик буд, ки соҳиби роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж -2024 шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда, соҳиби роҳхат ба Олимпиада гардид.

Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо мағлуб кардани Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 роҳ ёфт ва он ҷо аз қаҳрамони Осиё Карина Ибрагимова аз Қазоқистон бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Самадова пас аз соҳиб шудани нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024-ро ба даст овард.

Дар остонаи Бозиҳои Олимпӣ

Пас аз роҳхати Олимпиро соҳиб шудан, Миҷгона боз дар мусобиқаҳои дигар иштирок кардa, зинаҳои фахриро касб намуд. Самадова дар мусобиқаи байналмилалии "Странҷа" дар Булғористон ва мусобиқаи байналмилалӣ дар Хабаровски Русия ба гирифтани нишони нуқра мушарраф гардид.

Ҳоло омодагиҳои Миҷгона Самадова ба Бозиҳои Олимпӣ хело хуб ба назар мерасад, зеро ӯ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон чанд муддат омодагиҳояшро дар сатҳи зарурӣ анҷом додааст.

Ба Миҷгона Самадова дар Бозиҳои Олимпии Париж -2024 барору комёбӣ таманно мекунем!