“Милан” ба садри ҷадвали Серияи А баромад

“Милан” ба садри ҷадвали Серияи А баромад

Дар бозии марказии даври 5-уми Серияи А-и Италия дастаҳои “Милан” ва “Наполи” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и шаҳри Милан дар ҳузури 73 754 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими мизбон хотима ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 3-юми бозӣ кушода шуд. Ниммуҳофизатгари “Милан” Алексис Салемакерс аз паси головари Кристиан Пулишич истифода намуда, гол зад. Дар дақиқаи 31-уми бозӣ ҳамлагари амрикоии “Милан” - Кристиан Пулишич ҳисобро дуболо намуд.

Дар дақиқаи 57-уми бозӣ дифоъгари “Милан” Первис Эступинан корти сурх гирифт. Дар идома тими мизбон 10 нафара бозиро идома дод.

Кевин Де Брюйне дар дақиқаи 60-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ ягона голи “Наполи”-ро ба ҳадаф расонид.

Барои “Наполи” ин аввалин бохти мавсим мебошад. Дастаи Антонио Конте дар 4 бозии қаблӣ, 4 пирӯзии пайиҳам дошт ва дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифта буд. “Милан” бо ин пирӯзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеи “Наполи”-ро ишғол кард. Ҳарду даста 12 имтиёзӣ доранд ва аз ҳисоби таносуби тӯбҳо “Милан” дар зинаи аввал маскан гирифт.