"Милан" сармураббии навашро эълон кард

"Милан" сармураббии навашро эълон кард

Бошгоҳи “Милан” дар сомонаи расмии худ дар бораи ба вазифаи сармураббии даста таъйин шудани Стефано Пиоли хабар нашр намуд. Шартномаи ҳамкорӣ бо ин мутахассиси итолиёӣ ба муҳлати ду сол ба имзо расонида шудааст. Пиоли дар фаъолияти мураббигии худ дар як қаттор дастаҳои Италия, «Парма», «Сассуоло», «Кево», «Палермо», «Болоня», «Латсио» ва «Интер» кор кардааст. Охирин дастае, ки бо он шартномаи ҳамкорӣ дошт, ин тими «Фиорентина» ба ҳисоб мерафт, ки аз соли   2017 то соли 2019 идома кардааст. Қаблан ин вазифаро Марко Ҷампаоли тарк намуда буд, ки тобистони ҳамин сол ба даста омада, танҳо 3,5 моҳ тавонист футболбозонро машқу тамрин диҳад.