Миленкович дастаашро иваз мекунад

Миленкович дастаашро иваз мекунад

Бошгоҳи "Фиорентина" аз дастаи "Милан" барои ҳимоятгар Никола Миленкович пешниҳод гирифт. Хабар дода мешавад, ки "Милан" бо шарти хариди ҳатмӣ ба маблағи 30 миллион евро мехоҳад бозингари тими миллии Сербияро барои 1,5 сол ба иҷора гирад. Пештар хабар дода шуда буд, ки "Фиорентина" омода аст Миленковичро ба ивази 40 миллион евро фурӯшад. Ҳимоятгари 22-сола, ки шартномааш тобистони соли 2022 ба охир мерасад, дар 7 бозии мавсими ҷории Серияи А бо пироҳанҳои дастааш ба майдон баромада, як гол ба самар расонд.