Минбаъд бидуни смартфон ва ороиши ғайриоддии мӯйи сар

Минбаъд бидуни смартфон ва ороиши ғайриоддии мӯйи сар

Ба иттилои сомонаи AS, бозигарони ҷавони "Барселона" бояд якчанд қоидаҳои навро риоя кунанд. Бино ба иттилои манбаъ, ба футболбозон истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми тамрин, дар майдон, утоқи либосивазкунӣ ва ҳангоми бозӣ манъ карда мешавад. Кӯдакон ҳангоми ворид шуда ба қароргоҳи даста телефонҳои худро ба кормандони даста дода, баъди баромадан аз қароргоҳ телефонҳои худро бозпас мегиранд. Инчунин, ба футболбозон ороиши мӯйҳои ғайриоддӣ ё рангҳои мӯйҳои худро бо рангҳои хеле равшан манъ карда шуд.