Миср бори чаҳорум дар таърих роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст овард

Миср бори чаҳорум дар таърих роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст овард

Футболбозони тими миллии Миср бо ҳисоби бузург дастаи Ҷибутиро шикаст дода, ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфтанд.

Бозии марҳилаи интихобӣ, ки дар Марокаш баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ду голро Муҳаммад Салоҳ ба ҳадаф расонид, як тӯби дигарро Иброҳим Адел зад.

Тими миллии Миср 23 имтиёз ба даст оварда, як бозӣ пеш аз анҷоми бозиҳои интихобӣ барои рақибонаш дар гурӯҳи “A” дастнорас гардид. Дар ҷойи дуюм тими Буркина-Фасо бо 18 имтиёз қарор дорад.

Ин чаҳорумин иштироки мунтахаби Миср дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳад буд. Дар мусобиқаи соли 2018 дар Русия тими миллии Миср натавонист аз гурӯҳ барояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад.