Мизбони Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2032 маълум шуд

Мизбони Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2032 маълум шуд

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) эълон намуд, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпии соли 2032 дар Брисбени Австралия баргузор мешаванд. Ин қарор дар ҷаласаи КБО қабул шудааст. Ин бори сеюм аст, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Австралия баргузор мешаванд. Соли 1956, бозиҳо дар Мелбурн, соли 2000 дар Сидней баргузор шуданд. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии 2024 дар Париж ва соли 2028 дар Лос-Анҷелес баргузор мешаванд.