Моҳи феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Душанбе доир мегардад

Моҳи феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Душанбе доир мегардад

Рӯзҳои 11-12-уми феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур дар Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзиши обии шаҳри Душанбе миёни 250 ҷудокор (230 мард, 20 зан) аз қаламравӣ кишвар аз рӯи 14 вазн   доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати шомил шудан ба дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон доир карда мешавад. 

Сарчашма: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон