Моҳии парвозкунандае, ки таърих назирашро ёд надорад

Моҳии  парвозкунандае, ки таърих назирашро ёд надорад

Олами ҳастиро танҳо инсонҳое ҷолибу рангин ва барои дигарон зебову ибратбахш гардонидаанд, ки дар умри хеш корномаҳои бузургу боварнокардание анҷом додаанд. Бо гузашти солҳо мардум аз рӯзгор, дастоварду корномаашон мегӯянду менависанд.

Шиновар Майкл Фелпс аз зумраи онҳост. Ӯ муваффақтарин варзишгар дар таърихи башарият мебошад. Ин нобиғаи амрикоӣ қаҳрамони бистусекаратаи Бозиҳои олимпӣ буда, дар маҷмӯъ, дорои 28 медали бозиҳои олимпӣ ва 26 медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳон аст.

Майкл Фелпс 30 июни соли 1985 дар музофоти Товсон, дар қисмати шимолии Мэриленди ИМА таваллуд ва ба воя расидааст. Аз ҳафтсолагӣ ба шиноварӣ сар карда, қисман зери таъсири хоҳараш буд. Дар 10 - солагӣ тамринро оғоз кард. Пас аз муваффақиятҳои пайдарпайи мактаби шиновари ҷавон бори аввал ба Олимпиадаи Сидней рафт ва дар масофаи 200 метр бо усули баттерфляй сазовори ҷои панҷум гардид. Он замон Фелпс ҳамагӣ понздаҳ сол дошт. Аввалин пирӯзиаш дар сатҳи калонсолон соли 2001 дар чемпионати ҷаҳон буд, ки оид ба варзиши сабук иштирок намуд ва рекорди ҷаҳонии баттерфляй ба масофаи 200 метрро шикаст. Ҳамин тариқ, Майкл Фелпс дар 15 солагӣ ҷавонтарин нафаре буд, ки рекорди ҷаҳонии шиновариро гузошт.

Афина - 2004 ва 8 медали тилло

Michael Phelps Athens 2004 Olympic Games Highlights - YouTube

Бозиҳои тобистонаи олимпии Афина - 2004 имконияти хубе барои муаррифии Фелпс дар тамоми ҷаҳон буд ва аз ин қуллаи баланди варзиш ӯро муяссар гардид, ки бо маҳорати нотакрораш ба қатори шиноварони беҳамтои ҷаҳон ворид гардад. Дар ин олимпиада Фелпси 19 - сола 8 медал ба даст овард, ки аз онҳо 6 тилло ва 2 биринҷист. Ҳамин тариқ, ӯ се рекорди олимпӣ ва як рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Илова бар ин, 8 медал дар як олимпиада такрори амали гимнасти машҳури шӯравӣ Александр Дитятин мебошад, ки чунин муваффақияти худро дар Олимпиадаи соли 1980 дар Маскав гузоштааст.

Дар чемпионати ҷаҳон соли 2005 Фелпс ба воситаи коҳиш додани шумораи мусобиқаҳо қарор кард, то каме истироҳат кунад ва танҳо аз мусобиқаи Монреал 4 медали тилло гирифт. Дар чемпионати ҷаҳонии 2007 Фелпс қарор дод, ки барои олимпиадаи Пекин омодагӣ гирад, ки ин ҳам бенатиҷа набуд.

Ғолибият дар Олимпиадаи Пекин - 2008

Michael Phelps Win Eight Olympic Gold Medals 2008 | History of Sport

Пеш аз он ки Фелпс ба олимпиадаи Пекин равад, дар зеҳни мардум танҳо як савол чарх мезад, ки “Оё Фелпс дар олимпиадаи мазкур рекорди шиновари афсонавӣ Марк Спитсро, ки қаҳрамони ҳафткаратаи Мюнхен дар соли 1972 буд, мешиканад?”. Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд. Майкл дар Чин тавонист, ба ин савол посухи мусбат диҳад ва ҳашт ҷоизаи тиллоро ба даст овард. Ӯ дар ҳама намуди эстафетаҳо ширкат намуда, қаҳрамон гардид ва унвони “Моҳии парвозкунанда” – ро ба даст овард.

Пас аз як ғалабаи азим Фелпс соли 2009 дар чемпионати ҷаҳон дар Рим каме устувории худро аз даст дод ва аз иҷрои як маҷмаа саркашӣ намуд. Дар ин мусобиқа ӯ ду медали тиллоро аз намуди шабпарак дар шиноҳои шахсӣ гирифт. Пас аз ду сол (2011) дар Шанхай Фелпс чун анъана ҳарду шабпаракро ғолиб омад ва дубора ба маҷмааи аввал (200 м) баргашт, вале ин бор медали нуқраро ба даст овард.

Лондон - 2012 ва 22 медали Олимпӣ

London 2012 Olympics: Swimming: Michael Phelps tweeted by Barrack Obama | Daily Mail Online

Маълум набуд, ки Фелпс дар олимпиадаи Лондон метавонад, натиҷаи сатҳи Пекинро нишон диҳад ё не. Зеро дар худ дигар он талаботи пешинаро дида наметавонист. Ӯ ба масофаи 200 метр бо усули озод ворид нашуд. Аз ин рӯ, ӯ пирӯзии Пекинро такрор накард. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар Олимпиадаи Лондон - 2012, Фелпс чор медали тилло ба даст овард ва аз рӯи шумораи умумии ҷоизаҳои олимпӣ, ки 22 ададро дар бар мегирифт, рекорди 18 - медалаи гимнасткаи шӯравӣ Лариса Латининаро, ки дар тӯли 48 сол ҷамъ намуда буд, шикаст.

Чанде пас Фелпс истеъфои худро дар шуҳрати варзишияш эълон намуд. Ин тасмими ӯ мантиқӣ ба назар мерасад, зеро ӯ яке аз беҳтарин шиноварон дар таърихи бозиҳои олимпист, ки қуллаҳои бебаҳоро фатҳ кардааст. Пас аз хабари қатъи шуҳрати варзишӣ рақибони Фелпс нафаси сабук кашиданд ва мепиндоштанд, ки роҳ ба минбар кушода аст. Онҳо ба Олимпиадаи соли 2016 бо ҷидду ҷаҳд омодагӣ мебинанд, барои медалҳои чемпионати ҷаҳон мубориза мебаранд, аммо соли 2014 мефаҳманд, ки Фелпс ба варзиш бармегардад ва ният дорад, боз дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ширкат варзад.

Бисту се маротиба қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ

Michael Phelps Poses With All His Gold Medals

Фелпс дубора бо ҷасорати нотакрори пешин роҳ сӯи олимпиадаи Рио гирифт. Пас аз гузашти 4 сол касе намедонад, ки қаҳрамони Амрико ба чӣ қодир аст. Аммо Фелпс бо омодагии ҳирфаие вориди майдони рақобат шуд. Мақсади ниҳоияш медали тиллои олимпӣ буд. Дар Бразилия Фелпс тасмим гирифт, ки барномаи намоишҳои худро кӯтоҳтар кунад ва маҷмааи 400 метрро ғолиб ояд. Ҳамин тариқ, ӯ дар масофаи мазкур ва дар эстафетаҳои 200 - метра чор маротиба пайдарпай қаҳрамони олимпӣ шуд.

Баъди ба даст овардани 5 медали тилло дар Бразилия ва қаҳрамони 23 - каратаи олимпӣ шудан, Фелпс истеъфои ҳақиқии худро аз ин варзиш эълон намуд. Тарк кардани майдони набард ва ҳамчун қаҳрамон рафтани Майкл Фелпсро мухлисону ҳаводоронаш корномаи бузургу дастоварди таърихӣ номиданд.

Имрӯз дар ҷаҳон Фелпс беназир аст. Ӯ ягона варзишгарест, ки соли 2007 дар чемпионати ҷаҳон дар Мелбурн 7 медали тилло ба даст оварда, 5 рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Дар чемпионати ҷаҳон соли 2009 дар Рим Майкл 5 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварда, 4 рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Соли 2011 дар чемпионати ҷаҳон дар Шанхай 4 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овард. Ягона ҷоизаи ғайривоқеии ӯ ин медали биринҷиаш аст, ки дар тамоми шуҳрати варзишияш як маротиба гирифтааст.

Фелпс 50 карат қаҳрамони инфиродӣ ва эстафетаи ИМА дар солҳои 2001-2010 буда, 8 маротиба беҳтарин шиновари сол дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Манбаъ: http://javonon.tj/