Модари Роналду дар бораи ояндаи писараш гуфт

Модари Роналду дар бораи ояндаи писараш гуфт

Модари ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду Долорес Авейру гуфтааст, ки бо писарам сӯҳбат мекунам то ба “Спортинг” баргардад.

“Ман бо ӯ гап мезанам ва тамоми кӯшишамро мекунам, то ӯро розӣ кунам, ки соли оянда ба “Спортинг” баргардад”, - иқтибос меорад Aveiro Football Italia.

Криштиану Роналду фаъолияти варзишиашро дар дастаи “Спортинг”-и Португалия оғоз намудааст. Аз соли 1997 то 2002 ӯ дар ҳайати ҷавонони ин даста ҳунарнамоӣ кард ва як мавсими дигар дар ҳайати дастаи асосӣ пеш аз он, ки соли 2003 ба дастаи “Манчестер Юнайтед”-и Англия гузарад. Дар ҳайати “Спортинг” Роналду 31 бозӣ анҷом дода, ба задани 5 гол даст ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир португалӣ дар ҳайати дастаи “Ювентус”-и Италия баромад мекунад. Шартнома ҳамлагари 36-сола тобистони соли 2022 ба итмом мерасад.