Модрич дар бозӣ бо “Малйорка” ба майдон намебарояд

Модрич дар бозӣ бо “Малйорка” ба майдон намебарояд

Ниммуҳофизатгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич бозии марҳилаи нимниҳоии Суперҷоми Испания муқобили “Малйорка”-ро аз даст дод. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст.

Вохӯрии “Реал Мадрид” ва “Малйорка” дар марҳилаи нимниҳоии Суперҷоми Испания шаби 9-уми январ баргузор мешавад. Дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи шоҳ Абдулло дар шаҳри Ҷидда ба ҳам меоянд. Ин вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Рикардо Де Бургос Бенгоэчеа ҳакамӣ мекунанд. Бозӣ соати 23:55 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз гардида, тариқи телевиозиони “Варзиш” мустақим манзури  ҳаводорон гардонида мешавад.

“Лука Модрич бо сабаби беморӣ дар бозии имрӯза бо “Малйорка” иштирок карда наметавонад. Мо тағйиротро назорат хоҳем кард”, - гуфта мешавад дар изҳороти бошгоҳи шоҳона.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми январ, “Барселона” бо ҳисоби 2 бар 0 “Атлетик”-ро шикаст дода, аввалин шуда, ба финали Суперҷоми Испания роҳ ёфт. Бозии финалӣ рӯзи 12-уми январ баргузор мешавад.