“Монако” 9 нафара муқобили “Марсел” мусовӣ кард

“Монако” 9 нафара муқобили “Марсел” мусовӣ кард

Дар доираи бозиҳои даври 19-уми чемпионати Фаронса дастаҳои “Марсел” ва “Монако” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Велодром”-и шаҳри Марсел дар ҳузури 63 029 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар ҷараёни бозӣ нахуст дастаи “Монако” бо голи Бен Йеддер дар дақиқаи 7-ум боз кард. Дар дақиқаи 11-ум Гилермо Марипан аз ҳайати “Монако” корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 38-ум дастаи “Марсел” бо голи Обамеянг ҳисобро баробар кард. Манес Аклиуш дар дақиқаи 45+3 пеш аз танаффус дар ҳисоб “Монако”-ро ба пеш баровард.

Леонардо Балерди дар дақиқаи 50-ум аз ҳайати “Марсел” гол зад ва ҳисобро мусовӣ намуд. Дар дақиқаи 86-ум Денис Закария аз ҳайати “Монако” корти сурх гирифт. Ин дуюмин бозигар дар ҳайати “Монако” буд, ки корти сурх гирифт.

Пас аз мусовӣ “Монако” бо 34 имтиёз дар зинаи 4-ум аст. “Марсел” бо 29 имтиёз дар зинаи 7-ум аст. “ПСЖ” бо 44 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст.