Мората дар мавриди бозии Роналду ҳарф зад

Мората дар мавриди бозии  Роналду ҳарф зад

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи “Ювентус”  Алваро Мората дар мавриди бозии ҳамдастааш Криштиану Роналду ҳарф зад.

“Бо Роналду бозӣ кардан осон аст. Ман ӯро дер боз мешиносам. Дар баъзе ҳолатҳо вақте ки аз як ҳолати оддӣ гол зада натавонед, инро дарк мекунед. Дар бозӣ муқобили  дастаи “Парма” ман ба ӯ ирсоли головар додам ва ҳаракатҳои Роналдуро хуб дарк мекунам. Аксар вақт ман дифоъгаронро нигоҳ мекунам ва онҳоро ба даст мегирам, ки ин барои ӯ кӯмак мекунад. Албатта, бо Роналду бозӣ кардан бисёр хуб аст. Ӯ беҳтарин аст ва дар кадом мавқеи майдон хоҳад бозӣ карда метавонад. Ман ҳар рӯз аз бозӣ бо ӯ лаззат мебарам ва бисёр чизҳоро меомӯзам. Умедварам, ки ин бисёр давом хоҳад кард. Бозии ӯро тамошо карда калон шудаам ва вақте ки дубора ба Турин омадам , дар бораи  бозӣ бо ӯ ва Дибала фикр кардам. Ман ба ҳаяҷон омада будам,ки бо ин бозингарони сатҳи олӣ бозӣ хоҳам кард. Мо берун аз майдони  футбол ҳам  муносибати хуб дорем.”, гуфтаҳои Моратаро иқтибос меорад GOAL