Моуринийо дар бораи овозаҳои сармураббии Бразилия шуданаш ибрози назар кард

Моуринийо дар бораи овозаҳои сармураббии Бразилия шуданаш ибрози назар кард

Сармураббии дастаи «Рома» - Жозе Моуринйо дар бораи овозаҳо дар бораи он ки ӯ метавонад мураббии навбатии тими миллии футболи Бразилия шавад, андешаашро баён кард.

Моуринйо дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Ҳеҷ кас ба ман ё агентам бо пешниҳоди сармураббии тими миллии Бразилия занг назадааст".

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар расонаҳо овозаҳои фаъоле паҳн шуда буданд, ки Карло Анчелотти тобистони соли 2024 дастаи “Реал”-ро тарк карда, тими миллии футболи Бразилияро раҳбарӣ мекунад. Аммо дар охири соли 2023 мутахассиси итолиёвӣ бо клуби Испания шартномаи нав баст, ки то моҳи июни соли 2026 амал мекунад.

Мутахассиси португалӣ аз соли 2021 ба бошгоҳи шаҳри Рим сарварӣ мекунад ва тавонист барандаи Лигаи Конфронсия дар мавсими 2021/20 гардад.