Моуринйо дастаи навашро пайдо кард!?
Жозе Моуринйо омодааст, ки сармураббии дастаи “Ал-Шабоб”-и Арабистони Саудӣ шавад.
Мутахассиси португалӣ дар аввали ҳамин ҳафта аз ҷониби «Рома» барканор шуд. Aawsat иддао дорад, ки Моуринйо бо директори варзишии “Ал-Шабоб” - Доминико Тите вохӯрии Zoom баргузор карда, ба таври шифоҳӣ розӣ шудааст, ки сармураббии ин даста мешавад.
Интизор меравад, ки Моуринйо рӯзҳои наздик барои анҷоми шартҳои шартномааш ба Риёз парвоз кунад.
Дастаи «Ал-Шабоб» аз соли 2012 инҷониб дар Арабистони Саудӣ унвони қаҳрамониро ба даст наовардааст. Охирин ҷомро онҳо даҳ сол пеш дар Суперҷоми Арабистони Саудӣ ба даст оварда буданд. Дар мавсими имсола даста дар ҷои 11-уми чемпионати Арабистони Саудӣ қарор дорад.