Моуринйо вориси Роналду ва Мессиро номбар кард
Мутахассиси португалӣ – Жозе Моуринйо дар бораи сатҳи бозии ҳамлагар Килиан Мбаппе ҳарф зад.
- Вақте ки Мбаппе дар дастаи шумо бозӣ мекунад, ғолиб омадан осонтар аст. Вай яке аз он бозигаронест, ки рақибонро метарсонад ва онҳоро маҷбур мекунад, ки стратегияи худро аз ҳисоби сифатҳои худ иваз кунанд. Азбаски Месси ва Роналдо аллакай дар роҳи нафақа ҳастанд, ба фикри ман, наздик аст, ки Мбаппе пешсафиро ба даст гирад», - иқтибос меорад аз суханони Моуринйо сомонаи “TalkSport”.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Мбаппе дар ҳайати дастаи “ПСЖ” дар 47 бозӣ ширкат варзид, ки дар онҳо 42 гол зада, 11 партофти головар анҷом додааст.