Моуриню "Бар зидди бошгоҳи дорои бозингарон мисли Месси ва Неймар рақобат нишон додан ғайриимкон аст"

Моуриню "Бар зидди бошгоҳи дорои бозингарон мисли Месси ва Неймар рақобат нишон додан ғайриимкон аст"

Сармураббии тими “Манчестер Юнайтед” Жозе Моуриню фикру ақидаи худро баъд аз бозӣ бар муқобили “Барселона” (1:0) дар доираи Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо чунин баён намуд.

“Ҳамгоми бозӣ варзишгоҳ афзои хуб дошт. Фикр мекунам, ки ин пеш аз оғози мавсими хеле муҳим буд. Мухлисон мехоҳанд, ки беҳтарин футболбозони ҷаҳонро бубинанд. Ҳисоби бози гарчанде, ки 1:0 ба итмом расида бошад ҳам  мо дар рафти бозӣ хеле имкониятҳои хуби голзанӣ доштем. Аз бозӣ дар хати ҳимоя розӣ нестам вале дар чунин рақобатҳо натиҷа муҳим нест. “Барселона” Месси, Неймар, Пике, Суарес ва Иниеста дорад, “Реал” бошад, Роналду, Бэйл ва Кроос дорад. Бар муқобиле дастае, ки чунин бозигарони бо таҷриба дорад бозӣ кардан хеле душвор аст”, иқтибос меорад Marca аз суханони Моуриню