“МС” бо мушкили муқобили “Брайтон” мусовӣ кард

“МС” бо мушкили муқобили  “Брайтон” мусовӣ кард

Бозии мавқуфгузошташудаи даври 32-юми чемпионати Англия миёни   дастаҳои “Брайтон” ва “Манчестер Сити” доир шуд.  Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Амекс”-и шаҳри Брайтон  дар ҳузури 31 388  нафар мухлис  доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфт.

Дар раванди ин вохӯрӣ нахуст бозигарони дастаи “Манчестер Сити” ба задани гол ноил гардиданд. Пас аз ҳамлаҳои пайиҳам ҷониби дарвозаи Ҷейсон Стил дар дақиқаи 25-ум Фил Фоден  ба задани гол ноил гардид. Ирсоли головарро ба Фоден ҳамлагари норвегӣ Эрлинг Ҳоланд таъмин кард.

Бо гузаро шудани 11 дақиқа бозигарони дастаи “Брайтон” ба задани гол ноил гардиданд. Каору Митомаи ҷопонӣ гол зад, лек пас аз тамошои VAR довар голи задаи ӯро бекор кард. Он ҷо маълум шуд, ки Митомаи 26 сола бо даст тӯбро бозӣ кардааст.

Пас аз 7 дақиқа Хулио Энсисо аз ҳайати “Брайтон” ба задани гол ноил гардид ва ҳисобро мусовӣ кард. Ирсоли головарро ба Энсисо дифоъгар Леви Колвилл  таъмин кард.

Дар идомаи вохӯрӣ бозигарони ҳар ду даста дигар ба задани гол ноил нагардиданд. Ҳарчанд имкониятҳои зиёди голзаниро ҳар ду бошгоҳ дар ихтиёр доштанд.

“Манчестер Сити” аллакай пеш аз муҳлат қаҳрамони Англия гардид. Дастаи “Брайтон” ҳоло барои роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои аврупоӣ барои мавсими оянда талош варзида истодааст. Онҳо қодиранд барои ин роҳхат муқобили  дилхоҳ даста муборизаи шадид нишон диҳанд.

Ҳоло футболбозони шаҳри Брайтон бо 62 имтиёз дар зинаи 6-ум мавқеъ гирифтаанд. Ҳамин тавр, дастаи "Брайтон" баъд аз мусовӣ бо "Манчестер Сити" тавонист дар таърихи мавҷудияти худ бори аввал ба мусобиқоти аврупоӣ роҳ ёбад.