«МС» дар хонааш «ПСЖ»-ро боз дошт

«МС» дар хонааш «ПСЖ»-ро боз дошт

Дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “ПСЖ” сурат гирифт. Набарди рақибон пуршиддат баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба суди “шаҳриҳо” хотима ёфт. Дар дақиқаи 50-уми дидор Килиан Мбаппе ҳисобро боз кард. Баъдан дар дақиқаҳои 63-юм ва 76-ум Раҳим Стерлинг ва Габриэл Жезус муаллифи гол шуда, пирӯзии дастаашонро дар ин дидори ҷолиб таъмин сохтанд. Баъди ин вохӯрӣ «Манчестер Сити» ва “ПСЖ” ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.